Friday 25 July 2008

Кистем?



Ҷохилонро ҷой дар меҳробу минбар медиҳем,
Оқилонро хуни дил бо дидаи тар медиҳем,
Қотилони хешро бар даст ханҷар медиҳем,
Мулки Доро баҳри яғмои Сикандар медиҳем,
Бо чунин авсоф кистем, э бародар? Тоҷикем.

Рӯдакиро кӯр кӣ бинмуд чуз кӯрони мо?
Порсиро пора бинмуданд машҳурони мо.
Ҷуз ба мо кӣ мезанад бар дор мансурони мо?
Сарвари кӣ медиҳад бар дасти фағфурони мо?
Ин ҳама худ мекунем, э ҷони ман ағёр не.

Ифтихори мост аз хокистари дирӯзи мо,
Шамъи фардо мекушем андар шаби имрӯзи мо,
Аҳраман пирӯз месозем бар Ҳурмузи мо,
Руҳи зардуштӣ бимирад з-оташи бесӯзи мо,
Ковусу Судобаву Суҳробу бахти Рустамем.

Аз Бадахшону Хуҷанду Хутталону Фалғарем,
Хойини худ, душманони хештанро лашкарем,
Баҳри худ вайронаему ганҷ баҳри дигарем,
Лоф бас аз тоҷдорӣ мезанему бесарем,
Сар агар бошад, кулоху тоҷ пайдо мешавад.

Комати мо дар ҷавонӣ з-ин ҷама чанг аст, чанг.
Аспи мо дар батни модар з-ин ҷама ланг аст, ланг.
Зар ба дасти мо аз ин рӯ хурдаи занг аст, занг.
Болиши мо пахтакорон з-ин сабаб санг аст, санг.
Баъд аз ин тоҷик будан моро басе нанг аст, нанг.