Sunday 27 September 2009

Қаҳрамонмард

Чащмаҳо аз хушксолӣ гашта хушк,
Қатраи обе барои нӯш нест,
Аз вуҷуди рӯдҳои шӯху шанг
Як нишон ҷуз соҳили хомӯш нест.

Панҷаву шохи дарахтон гашта хушк,
Гар бимонда барг барги зард монд.
Дар лабони сабзаҳо фарёди сабз
Хушк шуд нақше зи марги зард монд.

Мурғакон маънус бо дарди сукут,
Дил зи дармони сурудан кандаанд,
Баски уммеде ба ҷуз аз марг нест,
Зиндаву бо мурдагон пайвастаанд.

Ин ки мебинам магар рӯз аст, нест,
Ин шаб асту даҳшатафган як шаб аст.
Моҳро дар зулмати худ куштааст,
В - аз қафои инҳидоми кавкаб аст.

Оҳ медонам зи пушти қуллаҳо
Гар касе ояд ҳамин торишаб аст,
Аз қазое гар расад хуршед ҳам,
Оҳ метарсам ки вай шабмашраб аст.

З ин муҳити қуфл бар дар вой вой
Синаҳо пуроҳу изни нола нест,
Он чи бо ҷуръат равад бар рӯи лаб,
Қаҳрамонмарде ба ҷуз табхола нест.
غلامان را ز آزادی سخن حیف
به خوابان بانگ بیداری زدن حیف
به این سوداگران بوم و میهن
وطن حیف و وطن حیف و وطن حیف