Friday 25 March 2011

Алҳазар з-ин қавму аз найранги ӯ,
Аз фусунҳои сиёсатранги ӯ.

Иштирокӣ ҳалқаи доми вай аст,
Созмону ҳизб бар коми вай аст.

Макрҳо дар ҳарфу дар рафтори ӯст,
Бандагӣ дар назми худмухтори ӯст.

Менарезад баҳри ғорат ҷӯйи хун,
Сар ба пахта меканад ӯ бо фусун.

Ин ҷаноби ростӯ садчеҳра аст,
Лаъли ноби ӯ махар хармуҳра аст.

Андак андак гарчи мафтунат кунад,
Оқибат аз ғам ҷигархунат кунад.

Тоҷику ӯзбак ба ҳам ангехта,
Заҳри ғафлат дар қадаҳшон рехта.

Войи ин миллат ки дар доми вай аст,
Монда аз фарёд як барги най аст.

Ҳаққи худро бо ҷадал настонад ӯ,
Бандагиро зиндагонӣ хонад ӯ.

Ҳаққи худро ӯ гадоӣ мекунад,
Нисбати худ носазоӣ мекунад.

Ҳар чи бидҳандаш бар он қонеъ шавад,
Пешрафти хешро монеъ шавад.

Шоъирашро сӯз дар гуфтор нест,
Олимашро дидаи бедор нест.

Шоъири ӯ судро хонад зиён,
Олимаш афсонагӯ чун соҳирон.

Ҳар ду хидматгор аз баҳри шикам,
Ҳар ду миннатдор аз баҳри шикам.

Нанг не, номус не, идрок не,
Синаҳо аз наҳси ишкам пок не.

No comments: