Saturday 6 December 2008

Сахоби сурх

Шуд доми ин чахонталабон инкилоби сурх,
Бояд кашид аз рухи ишон никоби сурх.
Эй лола, дил ба зохири афсунгараш мадех,
Борони захр мечакад аз ин сахоби сурх.
Эй толиби тарики рахоиш, кучо, кучо?
Чуз шахри бардаги набарад ин сароби сурх.
То бо бихурдаем чу тифлон фиреби у,
Гумрах, чахониён, нашавед аз хитоби сурх.
Дар иштиъоли хоки Хуросон бидидаам,
Эй гофилони давр, хама печу тоби сурх.
Таърих агар казовати бедурду гаш кунад,
Маълум мешавад амали носавоби сурх.

No comments: